Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши ҷавонон дар пешбурди илму техника

Нақши ҷавонон дар пешбурди илму техника

Садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия ва шуъбаи тарбияи донишкада рӯзи 22 майи соли равон дар арафаи Рӯзи ҷавонон, бахшида ба Соли ҷавонон семинари илмӣ-назариявиро дар мавзӯи мавриди назар баргузор намуд.
Декани факултет Амрулло Нурализода зимни оѓози чорабинӣ иброз дошт, ки ДМИТ дар самти тарбияи ҷавонон ҳамчун ояндасозони Ватан тамоми восита ва имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар иҷрои вазифаҳои серпаҳлӯи худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардад.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ДМИТ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, тарбияи ҷавонон ва дастгирии онҳо дар самти ишѓоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар маркази диққати роҳбарияти донишкада қарор дорад, афзуд номбурда.
Сипас устодони ҷавону донишҷӯёни фаъоли донишкада, аз ҷумла ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сафарзода Фаридун дар мавзӯи «Саҳми ҷавонони давраи истиқлолият дар рушди илму техника», донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор Ҳилола Шукурова дар мавзӯи «Мо ҷавонони сулҳхоҳем», донишҷӯи курси 3, факултети тенологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Шаҳноза Айдарбекова дар мавзӯи «Ҷавонон қувваи созанда ва ояндаи давлату миллатанд» ва донишҷӯи курси 3, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Ҷовидон Халифаев дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба чанд нафар кормандон ва донишҷӯёни факултет барои фаъолияти хуб дар самти таълим, илм ва тарбия, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Сипосномаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт тақдим карда шуд. 


Хисрав Муҳиддинов