Хабарҳо

Паёми табрикии ректори ДМИТ Давлатзода Қ.Қ. ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Фарорасии моҳи мубораки Рамазонро, ки моҳи мағфирату шафқат ва раҳмату саховат аст, барои тамоми кормандону устодон ва донишҷӯён муборакбод мегӯям.
Моҳи саиди Рамазон моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо ва ҳамчунин имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол аст. Рӯза яке аз аҳкоми инсонсози ислом аст, ки бо ҳама фазилатҳояш иродаи инсонҳоро қавӣ сохта, неруи пойдории онҳоро меафзояд ва меҳру муҳаббатро дар дилҳои эшон бедор ва ваҳдати миллиро таҳким месозад.
Дигар фазилати неки моҳи шарифи Рамазон ин ба ҷо овардани амалҳои хайр, аз қабили эҳсону садақа ба муҳтоҷону ниёзмандон, аз ҳоли маризон хабардор шудан ва аз дилҳо берун кардани кинаву адоват мебошад, ки савоби бештар дошта, ин корҳои неканҷом ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии мо маҳсуб мегарданд ва ифодакунандаи олиҳимматии мусалмонон аст. Рамазон моҳи баробарию бародарӣ бо шахсони нодор аст. Яке аз самараҳои муфиди рӯза ба вуҷуд омадани ҳисси ҳамдардӣ нисбат ба ятимону ниёзмандон мебошад.
Бо ниятҳои нек, дар оғози ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо аз даргоҳи Яздони пок тандурустиву саодати рӯзгор, офияти комил ва хонаи ободу осуда ва пурфайзро орзу намуда, хоҳони онам, ки амалҳои хайру савоби ҳар кадоми Шумо афзунтар гарданд.
Ректори донишкада Давлатзода Қ.Қ.