Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибият муборак !

Ғолибият муборак !

Тавре иттилоъ дода будем, рӯзномаи «Молия ва иқтисод» бахшида ба Соли ҷавонон дар шумораи №14 (84) аз 31 марти соли 2017 миёни донишҷӯён ва кормандони ҷавони донишкада озмуни «Мақолаи беҳтарин»-и таҳлилӣ оид ба ҳаёти илмиву маърифатии ҷавононро эълон карда буд.
Бинобар ин дар робита ба ин иқдом аз рӯзи оғози озмун то ҷамъбасти он, яъне 23 май ба идораи нашрия зиёда аз 15 мақола ворид гардид, ки 12 номгӯи онҳо дар шумораҳои рӯзнома рӯйи чоп омаданд.
Ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Молия ва иқтисод» мақолаҳои муаллифони зеринро бо дарназардошти моҳият, мазмуни актуалӣ доштан ва пешниҳодҳои судманд аз ҷумлаи мақолаҳои беҳтарин дониста, барои қадрдонӣ ба раёсати донишкада пешбарӣ намуд.
Аз ҷумла, Наврӯз Ҷобиров, муҳаррири шуъбаи табъу нашр сазовори ҷойи якум, Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ сазовори ҷойи дуюм ва Озорова Мавзуна, Шерова Фараҳноз, донишҷӯёни курси 1-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор сазовори ҷойи сеюм гардиданд.


Sho_o1.jpg


Ҳамчунин, барои ширкати фаъолона Афзалшо Бобозода, докторанти (Phd) ДМИТ, Шарипов Ҷамолиддин, донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, Носиров Беҳрӯз, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз ва Суфиев Исҳомуддин, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Санаи 31 майи соли равон ректори ДМИТ Давлатзода Қудрат зимни ҷаласи Шӯрои олимон дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунро бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулии таъсиснамудаи раёсати донишкада қадрдонӣ намуд. 
Мо, ҳайати эҷоди рӯзнома низ ғолибонро барои ин дастовардашон табрик гуфта, дар кору пайкорашон бурдбориҳои нав ба навро орзумандем.


Хисрав Муҳиддинов