Хабарҳо

ДМИТ ба «Донишкадаи шабакавӣ» шомил гардид
Аз санаи 21.05.17 то 28.05.17. дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи «Шабакаи донишкадаҳо дар самти муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ)» баргузор гардид, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ба он шомил гардидан даъват шуда буд. Дар ин ҷаласа донишкадаро Баҳром Сафаров - муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Дар санаи 24 май маросими баимзорасонии аъзошавии ДМИТ бо ин ташкилот баргузор гардид. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ва намояндагони 32 донишгоҳи кишварҳои ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳром Сафаров дар ҷаласаи Донишкадаҳои шабакавӣ ширкат варзида, дар бораи модели ҳамкории шабакавии низоми таҳсилот, мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ дар самти МҚД/МТ, гузаронидани таҳқиқоти фундаменталӣ барои МҚД/МТ, такмили ихтисоси кормандон ва устодон дар самти МҚД/МТ, мубодилаи донишҷўён, барномаҳои байналмилалии Донишкадаҳои шабакавӣ дар самти МҚД/МТ, дар бораи ташкили стандарти тахассусии МҚД/МТ ва ғайра маълумотҳои муфид гирифт. Номбурда ҳамзамон дар ҷараёни сафар ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Созмони давлатҳои Авруосиё дар самти МҚД/МТ низ ширкат варзид.
Бояд қайд намуд, ки донишкада бо якчанд муассисаҳои таълимии Қирғизистон ҳамкорӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз, Сафаров Б.Г. дар сафари худ, инчунин бо намояндагони яке аз донишгоҳҳои шарик - Донишгоҳи славянии Россия ва Қирғизистони ба номи Президенти аввали Федератсияи Россия Б.Н. Елтсин вохўрӣ гузаронида, бобати густариши ҳамкориҳо гуфтушунид ба анҷом расонид.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ