Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тағйироти кадрӣ дар донишкада

Тағйироти кадрӣ дар донишкада

Рӯзи 1 июни соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишкада тағйироти кадрӣ дида шуд. Мувофиқи фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён аз 1 июни соли 2017 Қаландаров Саймаҳмуд Сафарович, муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва хоҷагӣ бо хоҳиши худаш аз вазифа озод карда шуда, ба ҷои ӯ ба ин вазифа Музаффаров Бадриддин Сангалиевич таъйин карда шуд. Ҳамчунин Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович, муовини ректор оид ба илм бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуда, ба ҷои ӯ ба ин вазифа Қодиров Фирӯз Абдуҳафизович таъйин гардид. 
Ректори донишкада Қудрат Давлатзода ба Ашуров Ғиёсиддин ва Қаландаров Саймаҳмуд барои фаъолияти пурмаҳсулашон дар рушди донишкада изҳори сипос намуда, ба муовинони ректори тозатаъйиншуда дар фаъолияти оғозгардида муваффақият ва барор хост.