Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конференсияи илмӣ дар ҳошияи Соли ҷавонон

Конференсияи илмӣ дар ҳошияи Соли ҷавонон

Бо ибтикори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 июни соли равон конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Мо - ҷавонон ба Пешвои миллат содиқем» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур дар ҳошияи Соли ҷавонон доир гардида, дар он 18 маърӯза мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Амирбекзода Ҳабибулло - муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни оғози конференсия бо сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар замони истиқлолият аз ҷониби Давлату Ҳукумати кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Чунин иқдом метавонад василаи рушди неруи инсонӣ гардида, маърифати зеҳниро дар кишвар густариш диҳад. Пас ҷавононро мебояд аз худ иқдомҳои ташаббускорона нишон дода, дар пешбурди сиёсати давлатӣ ҳамеша саҳмгузор бошанд.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло муовини ректор оид ба таълими ДМИТ Шукрулло Хайров иштирокчиёни конфронсро ба муносибати Соли ҷавонон табрик намуд. 
Сипас намояндаҳо аз вазорату кумитаҳо, муассисаҳои олии кишвар ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, ки иштирокчиёни асосии конфронс буданд, дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон», «Ҷавонон дар меҳвари ташаббусҳои созанда», «Афзалияти ташаккули ҳуввияти миллии ҷавонон дар раванди бунёди давлатдории миллӣ», «Ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ» андешаронӣ намуданд.
Дар интиҳо Амрулло Нурализода, декани факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт афзуд, ки бо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон ташаббусҳои созандаи ҷавонон бояд афзун гарданд. 


Сафолов Фаридун