Хабарҳо

Ҳифзи муҳити зист асоси солимии ҷомеа
5.06.2017. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҳти унвони «Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист» баргузор гардид, ки дар он маҳсули корҳои дастӣ, ихтироъ ва навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии пойтахт ва дигар дастовардҳои идораву муассисаҳои дахлдор вобаста ба муҳити зист ба намоиш гузошта шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати 150 нафараи устодону кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» иштирок намуда, дастовардҳои экологии худро ба намоиш гузоштанд.
Баъд аз анҷоми намоиш, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 45-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.
Муҳаммадӣ Ашуров,
сармутахассиси раёсати таълим оид ба магистратура