Хабарҳо

Ташреҳи паём дар хобгоҳ
Санаи 3 июни соли равон устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар хобгоҳи №2-и донишкада бо иштироки васеи донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи «Андешаҳои ҷавонон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.
Дар оғоз Зоҳир Қодиров, дотсенти кафедра дар мавзӯи «Паём ифодагари мушкилоти ҷавонон» баромад намуда, зикр сохт, ки дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ давлате, ки ба насли ҷавон аҳамияти махсус медиҳад ва барои инкишофу пешрафти он саҳм мегузорад, наслҳои ҷавонони созандаро тавлид мекунад ва дар ин замина ҷомеаву давлат мунтазам рушд мекунад. Пояҳои арзишиву ахлоқӣ, тафаккур ва худшиносии миллии он устувор боқӣ мемонад.
Насли ҷавон қишри асосӣ ва неруманди ҷомеаро ташкил медиҳад ва татбиқи сиёсати давлатии дуруст дар самти ҷавонон метавонад ояндаи кишварро созанда бозгӯ намояд, гуфт З. Қодиров.
Зимнан ассистенти кафедра Сулаймон Дӯстов дар мавзӯи «Паём ва ташаккули низоми қонунгузории кишвар» маърӯза карда, гуфт, ки барои дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ тарбия кардани насли наврас ва тарғиби арзишу муқаддасоти миллӣ байни ҷавонон моро зарур аст, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар доираи васеъ шарҳу тавзеҳ диҳем.
Номбурда афзуд, ки бо ҳамин мазмун дар Паёми имсолаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки ҷиҳати омӯзиши васеи Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ соатҳои омӯзиширо ба роҳ монад.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки илмҳои замони муосирро сидқан омӯхта, ҳамчун мутахассиси касбӣ ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҳамин мавзӯъ вохӯрӣ бо духтарон низ дар хобгоҳи №1 баргузор гардид.
Х.Муҳиддинов