Хабарҳо

Ҷараёни сессияи тобистона дар ДМИТ
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2016-2017 тибқи талаботи тартиб ва ташкили раванди сессияи имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми кредитии таҳсилот, ки тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2016 таҳти №19/24 қабул гардида, бо назардошти талаботи нақшаҳои таълимии амалкунанда ба роҳ монда шудааст.
Рафти супоридани сессияи имтиҳоноти ҷамъбастии нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2016-2017 тибқи фармоиши ректори донишкада аз 11.05.2017 таҳти №62/И барои магистрантони курси якум ва донишҷӯёни зинаи бакалавриати курсҳои 1-3 аз 01.06.2017 то 22.06.2017 ба роҳ монда шудааст.
Супоридани имтиҳони ҷамъбастӣ аз ҷониби донишҷӯён бо тариқи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ ба роҳ монда шуда, дар се маркази тестӣ ва китобхонаи электронӣ гузаронида мешавад.
Дар донишкада 200 нафар дар курси 1-уми зинаи магистратура ва 2903 нафар донишҷӯи курсҳои 1-3-юми зинаи бакалавриат имтиҳон супорида истодаанд, ки айни замон рафти имтиҳонсупории донишҷӯён чунин мебошад:
Дар санаи 01.06.2017 фоизи азхудкунӣ дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт - 98,1 %, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ - 92,2 %, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ - 91,0% ва факултети молия ва қарз - 81,1%-ро ташкил дод.
Дар санаи 02.06.2017 дар факултети молия ва қарз - 92,6%, факултети ҳисобдорӣ ва омор - 92,2%, шуъбаи магистратура – 90% ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ - 87,6%-ро ташкил дод.
Дар санаи 3.06.2017 бошад фоизи азхудкунӣ дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт 99,0 %, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ 95,5 %, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ 92,4%, ва факултети молия ва қарз 88,6 %-ро ташкил намуд.
Рафти супоридани имтиҳонот дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони раёсати таълим назорат бурда мешавад.
Фасеҳзода Ислом Саймирзо,
сардори Раёсати таълим