Хабарҳо

Курсҳои омӯзишӣ барои занҳои роҳбар
Тибқи шартномаи қаблии байни роҳбарияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Коллеҷи сарҳадоти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) курси омӯзишӣ ҷиҳати таъмини бехатарии сарҳад барои занҳои роҳбар ташкил карда шуд, ки дар он мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии ДМИТ, н.и.и., дотсент Давлатшоева Зарина иштирок кард. Курсҳо аз 15 май то 9 июни соли равон идома ёфта, дар охир ба иштирокчиён сертификат супорида шуд.
Дар курсҳои омӯзишӣ зиёда аз 20 нафар занҳои роҳбар аз мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла Македония, Иордания, Гурҷистон, Полша, Молдова, Украина, Литва, Латвия ва ғайра иштирок карданд.
Курсҳои омӯзиширо коршиносони хориҷӣ дар мавзӯъҳои бехатарии сарҳад, сиёсати гендерӣ, пешсафии занон дар идоракунӣ, кибертерроризм ва хатари он гузаштанд.
Дар ҷамъбасти курсҳои омӯзишӣ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДМИТ низ иштирок ва суханронӣ карда, барои тақвияти ҳамкориҳо бо Коллеҷи сарҳадоти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) изҳори сипос намуд.