Хабарҳо

Ду шаҳодатномаи дигар ба факултети ТИИ
Факултети ТИИ аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ду шаҳодатнома гардид.
Ин шаҳодатномаҳо барои лоиҳаи «Базаи маълумотҳои хобгоҳи электронӣ» ва сомонаи факултет дода шуд. Чӣ тавре, ки зикр намуда будем, лоиҳаи «Базаи маълумотҳои хобгоҳи электронӣ»- и донишкада, ки дорандаи он Нурализода Амрулло Назрулло, Воҳидов Умар Маҳмадиевич, Воҳидов Алишер мебошанд, имконият медиҳад, ки дар оянда дар хобгоҳи донишҷӯён назорати самаранок ба роҳ монда шавад, ки дар он хазина, маҷмӯи маълумот, манбаи маълумотӣ, бонки маълумотӣ, истифодаи самараноки вақт ва истифодаи ҳуҷҷатҳои расмии донишҷӯён, ҳисоботдиҳии оморӣ, натиҷаҳои тадқиқоти иҷтимоӣ, ҳуҷҷати ҳисоботҳо, маълумотнома, иттилооти гирифташуда ва ғайраҳо, ки ҳангоми иҷроиши барнома лозим аст, гузошта шудааст.
Ин барнома дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҳукумати электронӣ таъсис дода шудааст.
Сомонаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт - http://tii-tgfeu.tj»-и донишкада, ки дорандаи он Нурализода Амрулло Назрулло, Воҳидов Умар Маҳмадиевич, Додоҷонзода Фирдавс мебошанд, низ соҳиби шаҳодатнома гашт. Қобили зикр аст, ки сомона дар соли 2017 аз тарафи Ширкати байналмилалии ZEND FRAMEWORK соҳиби 2-сертификат гардида буд.
Насрулло Тӯйчизода