Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштирок дар курсҳои САҲА

Иштирок дар курсҳои САҲА

Тибқи созишномаи ҳамкорӣ байни Коллеҷи сарҳадии САҲА (ОБСЕ) дар Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3/21-4 (302) аз 15.03.2017 ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Маҳмадзода Ҳайдар аз 22 май то 16 июни соли 2017 дар курси 17-уми роҳбарикунандаи Коллеҷи сарҳадии САҲА (ОБСЕ) дар Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби Сертификат ва Ифтихорнома барои роҳбарии намунавӣ ва қобилияти баланд бардоштани роҳбарии гурӯҳ, ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд дар омӯзиши курси 17-ум барои ҳайати роҳбарикунанда гардид. 
Тавре мавсуф қайд намуд, дар курси мазкур аз чанд мамолики дунё намояндагон иштирок намуданд ва танҳо ду нафар Маҳмадзода Ҳайдар ва намояндаи Ҷумҳурии Украина соҳиби ифтихорнома гардиданд.