Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Имсол 13 нафар дипломи аъло гирифт

Имсол 13 нафар дипломи аъло гирифт

Рӯзи 7 июли соли равон дар донишкада ҷаласа доир гардид, ки дар он ба хатмкунандагони аълохон дипломи аълочӣ супорида шуд. Имсол донишкадаро 13 нафар бакалавр, аз ҷумла, аз факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ – 5 нафар, факултети молия ва қарз – 2 нафар, факултети ҳисобдорӣ ва омор – 3 нафар, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт – 1 нафар, факултети иқтисоди молиявва андозбандӣ – 1 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд, ки ин боиси ифтихори ҳам устодон ва ҳам волидайни эшон аст. 
Сараввал Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим баромад карда, хатмкунандагонро бо самараи неки таҳсилот табрик гуфта, қайд намуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бинобар ин омода намудани кадрҳои боистеъдоду баландпоя ин талаби замон аст. Феълан барои донишҷӯи имрӯза барои таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва онҳо метавонанд аз илмҳои пешрафтаи замона огаҳии комил пайдо кунанд, то ки дар фаъолияти минбаъдаи корӣ аз онҳо самаранок истифода намоянд. Имсол донишкадаро 1439 нафар донишҷӯ хатм намуд ва аз байни онҳо 13 нафар соҳиби дипломи аълочӣ гардид, ки ин моро қаноатманд карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳайати профессорону омӯзгорони донишкадаро лозим аст, ки дар оянда барои бештар намудани шумораи чунин донишҷӯён кӯшиш намоянд, илова намуд Хайров Ш.
Сипас профессорон Исмоилов Ш. ва Мирзоев Ғ. баромад карда, ба хатмкунандагон роҳи сафед ва дуои нек карданд. Ба волидони эшон барои тарбияи чунин фарзандони фарзона изҳори сипос карда шуд. 
Ҳамчунин яке аз волидон баромад карда, ба омӯзгорон барои заҳматашон дар тарбияи мутахассисон миннатдорӣ баён намуд.
Суханронии хатмкунандагон Ҷамолиддин Шарипов ва Хайрандеш Давлатов саросар аз меҳру самимият ва изҳори миннатдорӣ нисбати омӯзгорон иборат буд. Онҳо натиҷаи кори пурсамари омӯзгоронро дар омода намудани мутахассисон муҳим арзёбӣ карда, дар оянда ба халқу Ватан содиқона хизмат карданро ваъда доданд.


Машҳура Абдуллоева