Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДМИТ олимонро қадр мекунад

ДМИТ олимонро қадр мекунад

06.09.2017с. Имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар он асосан собиқадорони меҳнат, аз ҷумла олимону донишмандони донишкада ҷамъ омаданд. Дар маҳфил аз дастовард ва комёбиҳои илм ва технологияҳои пешрафта дар даврони истиқлол сухан рафт.  
Ректори донишкада, профессор Давлатзода Қудрат дар ин ҳамоиш баромад карда, аз саҳм ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани истиқлолияти комил ёдовар шуда, нақши олимонро дар пешбурди илми тоҷик ва омода намудани кадрҳои баландихтисос назаррас арзёбӣ кард.
Ӯ, аз ҷумла хизматҳои шоёни профессорони кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Саноат Бозорова ва Нодир Одиловро мавриди назар қарор дода, барои фаъолияти содиқона ва меҳнати пуршараф дар соҳаи илму маориф, ҳамзамон саҳми босазо гузоштан дар таълиму тарбияи насли ҷавон ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ кард. 
- Ин ду олими варзида - Саноат Шукуровна ва Нодир Фозилович тамоми умри бобаракати хешро барои таълиму тарбияи насли ҷавон, тайёр кардани олимони соҳа сарф кардаанд ва барои мо ифтихор аст, ки дар таълимгоҳи мо чунин шахсиятҳои бузурги илм содиқона кору фаъолият мебаранд, гуфт Давлатзода Қ. 
Чанд нафар устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ низ аз хизматҳои шоёни олимони донишкада ёдовар шуда, кору фаъолияти эшонро барои худ ибратомӯз хонданд. 
Дар охир, профессорон Бозорова С.Ш. ва Одилов Н.Ф. сухан карда, аз қадрдонии раёсати таълимгоҳ миннатдорӣ намуда, ба ҳозирин ниятҳои неки худро ифшо ва барои пешравии кору фаъолияти ҳамагон дуои хайр доданд.


С. Носиров
Х. Муҳиддинов