Хабарҳо

Иштироки донишҷӯён дар таҷлили ҷашни Истиқлол
Бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 нафар донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар намоиши театрикунонидашуда, ки дар КВД Варзишгоҳи марказӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок доштанд. Онҳоро кормандони шуъбаи тарбия ва эдвайзерони тарбияи факултетҳо роҳбарӣ намуданд.
Инчунин якчанд нафар устодону кормандон ва 200 нафар донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллии атласу чакан дар сектори 28-и Варзишгоҳи марказӣ нишаста, намоиши идонаро тамошо кардан два ба манзараи варзишгоҳ ҳусни идона бахшиданд.
Бояд гуфт, ки иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар ин ҷашни бошукӯҳ нишони ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худшиносии миллии эшон аст.
Бегмурод Раҷабов, мудири шуъбаи тарбия