Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - баракат дар зиндагии мардум

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - баракат дар зиндагии мардум

Рӯзи 18 сентябри соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти донишкада бо устодону кормандон ва донишҷӯён ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо доир гардид. 
Ректори донишкада Қудрат Давлатзода зикр намуд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои давлату ҳукумат роҳбарияти ДМИТ низ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби устодони фаъол гурӯҳи махсус ташкил шуд ва онҳо дар шаҳри Ваҳдат бо аҳолӣ мулоқот намуданд. 
- Мо дар мулоқот бо сокинони шаҳри Ваҳдат моҳият ва зарурати Қонун ва ворид шудани тағйиру иловаҳоро ба он маънидод намудем. Эҳсос мегардид, ки мардум худ ташнаи қабул шудани чунин қонунҳо ҳастанд ва онро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд. Воқеан ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади саривақтӣ буда, мақсади асосии он аз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум иборат аст. Дар давоми 10 соле, ки қонун амал мекунад, натиҷаҳои мусбӣ ба бор овард. Бархе аз мардум то ҳанӯз маъракаю маросимҳои худро ба мусобиқаи байниҳамсоягӣ ва ё байнихешутаборӣ табдил дода, ба зиёдаравӣ роҳ медоданд. Натиҷаҳои Қонуни мазкур буд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар давоми 10 сол коҳиш ёфтааст.  Касе мардумро аз зиндагии шоиста маҳрум накардааст. Балки қонуни мазкур барои сарфакорона ва самаранок истифода бурдани маблағу даромадҳои мардум раҳнамоӣ мекунад. Масалан, ба ҷои хароҷоти барзиёд беҳтар аст, он маблағҳоро барои бунёди манзил ва ободонии он, таҳсили фарзандон сарф намуд,- афзуд Қ. Давлатзода
Мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ Ҷамрод Бобоев дар баромади худ изҳор дошт, ки давоми 10 соле, ки Қонун мавриди амал қарор гирифт, тақвияти суботу амният ва рушди иқтисодии кишвар беҳтар гашт. Тағйиротҳои ба тозагӣ воридгардида бошад, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро низ фаро мегиранд. Идҳои Қурбон ва Рамазон низ минбаъд камхарҷ ва бо оростани дастархони маънавӣ сурат мегиранд. Хатна бошад, бидуни забҳи чорво ва даъвати санъаткорон бояд сурат гирад.  Барои роҳ надодан ба харҷи зиёдатӣ барои азодорон низ чандин сабукиҳо пешбинӣ шудааст.
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов низ дар мавриди беҳдошти фарҳанг ва тамаддуни миллӣ дар қонуни мазкур суханронӣ намуд. Ба гуфтаи номбурда, қабули қонун ва воридшавии тағйиру иловаҳо ба он бори дигар ҳушдор дод, ки ба зиёдаравию бегонапарастӣ ва тақлиди бемаврид роҳ надиҳем, беш аз ҳама шароити худу фарзандонамонро беҳтар созем, барои ободии диёру маҳалли зисти худ ва дастгирии ниёзмандону муҳтоҷон саҳм гузорем.


Насрулло Тӯйчизода