Хабарҳо

Тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ
Рӯзҳои 14-15 сентябри соли ҷорӣ сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба духтарон Маҳбуба Ғафорова бо донишҷӯдухтарони факултетҳои донишкада дар мавриди одобу ахлоқ, сару либос суҳбат доир намуданд. Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки моро мебояд фарҳанги либоспӯшии миллии худро риоя кунем, зеро риояи арзишҳои миллӣ фазои маънавиро таҳким мебахшад. Либоси миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намуда, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем.
Дар фарҷом қайд гардид, ки ҳар як донишҷӯдухтарро зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ кӯшиш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намояд ва пайи тақлиди унсурҳои бегона талоши беҳуда накунад.
Хисрав Муҳиддинов