Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар ДМИТ Маркази Конфутсий кушода мешавад

Дар ДМИТ Маркази Конфутсий кушода мешавад

Дар ДМИТ Маркази Конфутсий кушода мешавад
Рӯзи 19 сентябри соли равон ректори донишкада Қудрат Давлатзода бо директори Институти Конфутсий дар Тоҷикистон хонум Дзия Дзен Фан вохӯрӣ анҷом дод.
Дар аснои суҳбат аз ҷониби ректори донишкада пешниҳоди кушодани Маркази фарҳангию таълимии Конфутсий дар назди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре маълум гашт, аз ҷониби донишкада барои оғози ин фаъолият ба сохторҳои марбута мактубҳо ирсол гардидаанд. Ректор қайд кард, ки донишкада дорои имкониятҳои бойи техникӣ буда, барои ташкили курсҳои омӯзишӣ шароит ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз дорад. 
Хонум Дзия Дзен Фан низ дар навбати худ аз шиносоӣ бо донишкада ва пешниҳоди таъсиси Маркази Конфутсий дар ДМИТ изҳори қаноатмандӣ карда, вазифаи Марказ ва шарту шароитҳои онро муфассал баён сохт. Ҷонибҳо дар марҳилаи аввал барои ташкили як гурӯҳи омӯзишии забони хитоӣ, ки аз ҷониби омӯзгори ин Марказ таълим дода мешавад, ба созиш омаданд. 
Дар охир, меҳмонон аз синфхонаҳои лингафонӣ, утоқҳои таълимӣ ва варзишгоҳ дидан карданд. 
Ёдовар мешавем, ки Дафтари марказии Институти Конфутсий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият дошта, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2009) ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (2017) Маркази таълимию фарҳангӣ ифтитоҳ кардааст. Вазифаи асосии Марказ таълиму тадриси забони хитоӣ ба хоҳишмандон ва дар ин замина шинос намудани онҳо бо расму оин ва фарҳангу маданияти чинӣ ва тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои дигар мебошад.


Машҳура Абдуллоева