Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Танзим - баракати зиндагӣ

Танзим - баракати зиндагӣ

Рӯзи 20-уми сентябр бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ доир гардид. Дар он доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро декани факултет Э. Шералиев ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки аз қабули қонун 10 сол сипарӣ гардид ва дар ин муддат он нақши муассиреро дар паст намудани сатҳи камбизоатии шаҳрвандон гузошт.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ А. Муллоҷонов изҳори андеша намуда, паҳлуҳои гуногуни қонуни мазкурро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур саривақтӣ буда, шаҳрвандони кишвар аллакай дарк намудаанд, ки риояи пурраи он кафили сарфа намудани маблағҳои буҷаи оила мебошад.
Инчунин доир ба иҷроиши ин қонун донишҷӯёни факултет баромад намуданд.


Зарнигор Ҳимматова
эдвайзер оид ба тарбия