Хабарҳо

Гиромидошти устод Рӯдакӣ
Ҳамасола рӯзи 22 сентябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи 22 сенябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони тоҷикӣ дар ДМИТ озмуни рӯдакихонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Мирзо Муллоаҳмадов, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳбоз Кабиров, профессори Донишгоҳи милли Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Чорабиниро сардори раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҷашн гирифтани рӯзи Рӯдакӣ санаи таърихист ва асоси воқеӣ низ дорад. Зеро ашъори ин нобиғаи шеъри классикии тоҷик абадзиндааст ва мубрамияти худро гум намекунад.
Сипас донишҷӯён дар назди ҳозирин порчаҳои шеъриро аз абёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат намуда, доир ба фаъолияту рӯзгори ӯ маълумот доданд.
Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ин ҷашни миллии мост. Зеро маҳз тавассути устод Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мардуми олам кишвари моро мешиносад ва эътироф мекунад.
Мирзо Муллоаҳмадов дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки муҳаққиқону олимоне, ки дар бораи Рӯдакӣ асарҳо эъҷод кардаанд, эътироф намудаанд, ки устод ҳақиқатан шоири бузург буд ва сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик аст. Зеро тамоми форсизабонони олам Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро падари шеъри форсӣ меҳисобанд.
Дар интиҳои чорабинӣ миёни иштирокчиён музокира сурат гирифт.
Хисрав Муҳиддинов