Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Анҷоми муваффақонаи курсҳои такмили ихтисос

Анҷоми муваффақонаи курсҳои такмили ихтисос

Мувофиқи нақша ва фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми сентябри соли равон таҳти №116, дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва семинар-машваратҳо бо роҳбарон ва мутахассисони мақомоти молияи ҷумҳурӣ дар Маркази такмили ихтисоси ДМИТ даври навбатии курс ва семинарҳо оғоз гардид. 
Аз рӯи нақша соли 2017 Марказ бояд 9 курс ва 9 семинар гузаронад, ки аз он чор семинар ва ду курси такмили ихтисоси мутахассисони масъули мақомоти молияи ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд. 
Бо мақсади такмили дараҷаи тахассусии мутахассисони мақомоти молияи ҷумҳурӣ аз 12 то 21-уми сентябри соли равон дар Маркази такмили ихтисос курсҳои омӯзишии «Банақшагирии даромадҳои давлатӣ» ва «Банақшагирии буҷети давлатӣ» барои кормандони мақомоти молия баргузор гардид. Бояд гуфт, ки омӯзиш барои такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия самарманд буда, курсҳои номбурда бомуваффақият анҷом ёфтанд.
Дар ташкили курсҳо О.Исмоилов, сардори Раёсати дурнамо ва таҳлили даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии Вазорати молияи ҶТ иштирок карда, оид ба сиёсати андоз ва банақшагирии даромадҳои давлатӣ ва дар хусуси тартиби таҳияи лоиҳаи қисми даромади буҷети давлатӣ ибрози ақида намуд.
Ба курсҳо шунавандагон аз сарраёсату раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Барои таълими шунавандагон мутахассисони пуртаҷрибаи Вазорати молияи ҶТ ва устодони унвондори ДМИТ, аз ҷумла сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ З. Бойбобоева, сармутахассиси Сарраёсати буҷети давлатӣ Р. Мирзоева, сардори шуъбаи Раёсати хазинадории марказии ВМҶТ А. Шукуров ва аз ДМИТ бошад, А. Бегматов, Х. Ҷумабоев, П. Орзуев, М. Пирова, Т. Иброҳимов ҷалб шуданд. Машғулиятҳо бо истифода аз васоити таълимии ҳозиразамон дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.
Дар ҷамъбасти курсҳо рӯзи 21 сентябр Сайвалӣ Сафаров, сардори Сарраёсати буҷети ҷумҳурии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, андешаҳои худро оид ба моҳияти курсҳо баён намуда, гуфт, ки имрӯзҳо омӯзиши фаврии низомҳои нав ва навгониҳо дар низоми банақшагирӣ ва иҷроиши буҷету низоми хазинадорӣ басо муҳим аст.
Ба иттилои мавсуф, ба наздикӣ намояндагии Маркази такмили ихтисоси ДМИТ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппаю Хоруғ ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Нуробод кушода шуда, курсҳои кӯтоҳмуддат тариқи онлайн сурат мегирад.
Дар фарҷоми курсҳо ба шунавандагон аз ҷониби Сайвалӣ Сафаров сертификат тақдим гардид.


Носирзода Ҳ., сармутахассиси МТИ-и ДМИТ