Хабарҳо

Шумораи номзадони илм меафзояд
Боиси хушнудист, ки бо оғози соли нави таҳсили 2017-2018 шумораи номзадони илм дар донишкада ба ду нафар афзуд. Ин навбат Мансурова Ҷамила Сулаймоновна, ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ рӯзи 15 сентябр дар Шӯрои диссертатсионии Д.999.117.03 дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Шарипов Фаридун Файзуллоевич аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (илмҳои педагогӣ) рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Формирование экологической культуры студентов вуза на основе проектирования инновационных образовательных технологий» (на примере Республики Таджикистан) бо муваффақият ҳимоя кард.
Инчунин Наҷмиддинов Асадулло Мирзоевич, сардори Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотии донишкада санаи 22 сенябри соли 2017 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Математическое моделирование двумерных нелинейных стационарных явлений теории переноса тепла в конденсированных средах” дар Шӯрои диссертатсионии Д 05.16.532 - и назди Институти автоматӣ ва технологияи иттилоотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Қирғизистон ба номи Б.Н. Елтсин аз рӯи ихтисоси 05.13.18 – моделсозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва барномаҳои комплексӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сарбаландона ҳимоя намуд.
Мо олимони ҷавон – Мансурова Ҷамила ва Наҷмиддинов Асадуллоро бо ин дастоварди илмӣ табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиашон музаффариятҳои навин таманно дорем.