Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон дар меҳвари ташаббусҳои созанда

Ҷавонон дар меҳвари ташаббусҳои созанда

Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ва Соли ҷавонон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон дар меҳвари ташаббусҳои созанда» баргузор гардид. 
Дар мизи мудаввар Иброҳим Мирзозода - сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, Давлаталӣ Суфизода – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино, Давлатзода Абдулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДМИТ ва доираи васеи ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе ширкат варзида, перомуни мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷавонон, бахусус «Ҷавонон давомдиҳандаи Ваҳдати миллӣ», «Саҳми ҷавонон дар рушди босуботи кишвар», «Ҷавонон ва ҳувияти миллӣ», «Давлатдории миллӣ ва ҷавонон», «Ҷавонон ба муқобили зуҳуроти номатлуб», «Соли ҷавонон - соли таърихӣ» маърузаҳои пурмазмун карданд.   
Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани мизи мудаввар баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, ташаккули тафаккури созандаву бунёдкоронаи онҳо ва ҷалби ин қишри бонуфузи ҷомеа ба илмомӯзӣ мебошад.


Фаридун Сафолов,
мутахассиси шуъбаи тарбия