Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аксияи сайёҳӣ таҳкимбахши дӯстӣ

Аксияи сайёҳӣ таҳкимбахши дӯстӣ

Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон аз моҳи сентябр то декабри соли 2017 миёни донишҷӯёни донишкада аксияи сайёҳии «Ҷавонон: дӯстӣ бидуни маҳдудият» роҳандозӣ мегардад. Дар аксия ҷавонон барои шиносоӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ёдгориҳои таърихиву миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар карда мешаванд.
Аксия санаи 24 сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар нахустин рӯз донишҷӯён бо теъдоди 40 нафар ба шаҳри Ҳисор сафар намуданд. Зимни он донишҷӯён бо дастовардҳо шаҳри Ҳисор шинос шуда, аз ёдгории нодири таърихиву миллии Қалъаи Ҳисор дидан карданд. Дар ин макони таърихӣ онҳо бо бозёфтҳои нодир, ки дар осорхонаи Қалъаи Ҳисор нигоҳ дошта мешаванд, шиносоӣ пайдо намуданд. 
Ҳадаф аз роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси милливу меҳанпарастӣ ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мебошад.

 
Фаридун Сафолов