Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Шоҳнома» шоҳи асарҳост

«Шоҳнома» шоҳи асарҳост

Асари безаволу оламшумули Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ дошта, ба ҳар як хонанда ғояи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодиро тараннум менамояд. 
Аз ин рӯ, баҳри гиромидошти «Шоҳнома» санаи 27 сентябри соли равон кафедраи забони тоҷикӣ дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи тарбия ва садорати факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ озмуни «Шоҳномахонӣ»-ро баргузор намуд. 
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ устоди кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшул иброз дошт, ки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии Тӯсӣ хазинаи сухан ва ганҷинаи суханварӣ буда, аз таърихи забони пурғановат, анъанаи гузаштаи миллати куҳанбунёдамон шаҳодат медиҳад. 
Сипас донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои донишкада дар озмун иштирок намуда, аз достонҳои маълуму машҳури ин шоҳкории абадзинда порчаҳо қироат карданд. Аз миёни донишҷӯён барои қироати беҳтарин ғолибият насиби Ҳадиса Иноятова, донишҷӯи курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ гардида, ғолиб бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. 
Дар интиҳои маҳфил устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Содиқ Бойматов иброз дошт, ки Фирдавсӣ аз забони қаҳрамонҳои «Шоҳнома» бисёр фикрҳои ҷолиби диққат гуфтааст, ки дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи моро ташкил дода, дар тарбияи ҷавонон аҳамияти калон доранд.
Аз ин рӯ, бояд хулоса кард, ки «Шоҳнома» шоҳи асарҳост ва дар ҳеҷ як давру замон қадру қимати худро гум намекунад.


Хисрав Ғиёсиддинзода