Хабарҳо

Таъйиноти кадрӣ
Дар асоси пешниҳоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 4 июли соли 2017 таҳти рақами №398/02 ва мактуби Вазорати маориф ива илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2017 таҳти №03/1-1271 ва мутобиқи фармони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 18 сенябри соли 2017 мутобиқи моддаи 30-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирова Бунафшамоҳ Азизуллоевна, мудири кафедраи забони русии донишкада ба тариқи гузариш ба вазифаи муовини ректор оид ба тарбияи ДМИТ таъйин гардид.
Мо, аҳли кормандон ва устодони донишкада Қодирова Бунафшамоҳро бо ин муносибат муборакбод намуда, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият дар самти тарбияи насли ҷавон ба ў ғайрату ташаббусҳои дучандон ва дастовардҳои нав ба навро таманно дорем!