Хабарҳо

Муаррифии комплекси таълимию методӣ
Санаи 28 сентябри соли равон раёсати илм ва инноватсия дар якҷоягӣ бо факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ», дар донишкада чорабинии илмӣ гузаронд. Дар он комплекси таълимӣ-методии «Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ» муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ Талъат Эшонзодаи Нуъмониён, директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» ва Садриддинов М., мудири кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни ихтисоси идораи давлатӣ ва маҳаллии донишкада иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ сардори шуъбаи илм Ёрибек Тилабов иброз дошт, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи идораи давлатӣ бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳем, зеро мутахассиси баландихтисос ҳамеша дар пешбурди кор нақши бориз дорад. Ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро дар баланд бардоштани маҳорат ва малакаи устодону донишҷӯён дар самти идораи давлатӣ донист.
Сипас Талъат Эшонзода комплекси таълимию методии «Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ»-ро муаррифӣ намуд. Ӯ дар бораи комплекси таълимию методии «Проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ: моҳият, намудҳо ва тартиби мониторинг» ва «Раванди қабули қарорҳо дар низоми идоракунии давлатӣ» сухан карда, моҳият ва намудҳои проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, тартиб ва марҳилаҳои мониторинги проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, моҳият ва мундариҷаи қабули қарорҳо дар низоми идоракунии давлатӣ, таснифоти қарорҳои идоракунии давлатӣ, марҳилаҳо ва тартиби қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, иттилоот, сарчашмаҳо ва тартиби ба даст овардани он барои қабули қарорҳо дар идоракунии давлатиро шарҳу тавзеҳ дод.
Тавре маълум шуд, комплекси таълимию методӣ бо дастгирии молиявии Шуъбаи байналмилалии Институти Ҷамъияти кушода – Бунёди мадад дар Тоҷикистон аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» (ТИК) бо ҷалби гурӯҳи коршиносони миллӣ таҳия гардидааст.
Илҳом Сафаров,
сармутахассиси шуъбаи илм