Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Танзим ва рушди иқтисоди миллӣ

Танзим ва рушди иқтисоди миллӣ

28-уми сентябри соли равон бо ташаббуси маҳфили зеҳнии “Иқтисод ва ҷомеа”-и факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ва кафедраи суғурта бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шарҳи як қатор тағйиротҳо ба қонуни мазкур дар мавзӯи «Мақоми танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар рушди иқтисоди миллӣ» маҳфили илмӣ барпо гардид. 
Декани факултет Хуршед Давлатов ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар шароити имрӯза ин тағйиротҳое, ки ба қонуни мазкур аз тарафи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-юми августи соли ҷорӣ қабул шуд, хело зарур мебошанд. Ин барои некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона карда шудааст. 
Дотсенти кафедраи суғурта Саъдихуҷа Маъдиев дар баромадаш ҷавононро ба ташаббускорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли сиёсати танзим дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ даъват намуд. 
Инчунин ассистентони кафедраи суғурта Т. Эшбеков ва М. Ормонова дар мавзӯи “Моҳияти танзим ва некуаҳволии мардум” баромад намуданд. Сипас Ҷовидон Халифаев, котиби маҳфили зеҳнии “Иқтисод ва ҷомеа” дар мавзӯи «Мақоми танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар рушди иқтисоди миллӣ» бо нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баромад намуда, қайд кард, ки тағйирот ба қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа ҷашну маросимҳоро танзим менамояд. Аз ин рӯ, дар ин росто ҷавононро лозим аст, ки барои ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар саҳми сазовор гузоранд. 


Насрулло Тӯйчизода