Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаммоҳои низоми бонкӣ дар замони муосир

Муаммоҳои низоми бонкӣ дар замони муосир

30 сентябри соли равон дар ДМИТ бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз ва кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Устувории низоми бонкӣ дар шароити таҳдиди омилҳои беруна» доир гардид.
Онро муовини ректор оид ба илм, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фирӯз Қодиров ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки низоми дурусти бонкӣ барои таъмини сатҳи некуаҳволии мардум нақши бузург мебозад. Дар чанд соли охир ин низом дар кишвар ба буҳрон дучор шуда, бархе аз бонкҳо натавонистанд ба таври дуруст фаъолияти хешро ба роҳ монанд ва ин омилҳо боиси то андозае коста гардидани боварии мардум ба бонкҳо гашт. 
Сармутахассисони Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон Умеда Ятимова дар мавзӯи «Муаммоҳо ва дурнамои рушди низоми бонкӣ» ва Маҳмудҷон Буриев дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва дурнамои он дар рушди низоми бонкӣ» маърӯза намуданд. Изҳор гашт, ки имрӯзҳо воқеан сохтори муосири бонкӣ ба як қатор мушкилиҳо дучор гаштааст. хусусан бонкҳои тиҷоратӣ. Яке аз сабабҳои асосии он идоракунии бесифат ва ё менеҷмент арзёбӣ гардид. Ҳамзамон масъалаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди сохтори бонкӣ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидати калон мерасонад. 
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар ба саволҳои хеш ҷавоб гирифта, доир ба мавзӯъ андешаронӣ намуданд.


Насрулло Тӯйчизода