Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мавлонохонӣ дар Рӯзи Мавлоно

Мавлонохонӣ дар Рӯзи Мавлоно

- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, аз худ осори гаронбаҳоеро ба мерос гузоштааст. Меҳвари асосии осори Мавлоноро инсондӯстию иттиҳод ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, тамоми халқҳои ҷаҳон эҷодиёти ин шахсияти бузурги таърихиро эътироф менамоянд, бо шавқу завқи тамом мехонанду таҳлил мекунанд ва аз ин ганҷинаи маонӣ баҳравар мегарданд, - иброз намуд мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ А. Муллоҷонов дар озмуни мавлонохонӣ, ки рӯзи 30-юми сентябри соли равон бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба 810-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид.
Донишҷӯёни донишкада аз «Маснавии маънавӣ» ва ғазалиёти шоир бо як маҳорати хос шеърҳо қироат намуданд.
Саидамир Сафаров, устоди кафедраи забони тоҷикӣ дар ҷамъбасти мавлонохонӣ зикр кард, ки барои он ки шеъру сухан таъсирноку ҷозибанок бошад ва дар зеҳн ҷой гирад, он бояд пурмуҳтаво, ифоданок ва бо имову ишора хонда шавад. Шеърхонӣ маҳорати баландро талаб менамояд ва шунаванда бояд аз қироати сухани бадеӣ лаззат барад. 
Мавсуф баргузории озмунҳои Рӯдакихонӣ, Шоҳномахонӣ ва Мавлонохониро дар донишкада иқдоми нек дониста, барои дарёфти чеҳраҳои нави адабӣ муфид арзёбӣ намуд.
Дар охир ба ғолибон Ифтихорнома тақдим гардид.


Н. Ҷобиров