Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дипломи аъло муборак, магистрантон!

Дипломи аъло муборак, магистрантон!

Тибқи фармоиши ректори Донишкадаи Молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 06 июли соли равон магистрантони зерин: Фирдавс Нодиров, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ, Нилуфар Назарова, ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Нодирахон Шокирова, ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Қамариддин Негматов, ихтисоси фаъолияти гумрукӣ, Шаҳноза Абдуллоева, ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи дараҷаи магистри аъло сарфароз гардонида шуданд.
Рўзи 2 октябри соли ҷорӣ ректори донишкада, профессор Давлатзода Қудрат зимни баргузории Шўрои олимони ДМИТ дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои аълоро ба соҳибонашон тақдим карда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият таманно намуд.


Хисрав Муҳиддинов