Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Барномаи фарҳангии донишкада дар боғи «Дӯстӣ»

Барномаи фарҳангии донишкада дар боғи «Дӯстӣ»

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2017, №251322/26 бо мақсади такмили корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни ҷавонон ва бо ин васила баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар боғҳои фарҳангии пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ таҳия ва тасдиқ шудааст.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида бо ибтикори шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 24 сентябри соли 2017, соати 17-00 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, намоиши дастовардҳои илмӣ ва муаррифии факултету ихтисосҳои донишкада чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ансамбли «Ҷавонӣ»-и донишкада барои сокинони пойтахт барномаи рангини консертӣ, иборат аз шеъру суруд, рақсу тарона, дуэт ва навозиш бо асбобҳои мусиқиро пешкаш намуданд.


Бегмурод Раҷабов, мудири шуъбаи тарбия