Хабарҳо

Иқдомот барои китобхонӣ
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои корхона бо мақсади дастрас, шиносоӣ, таблиғу тарғиби китоб ва ба мутолиаи китоб ҷалб намудани донишҷӯён ва дӯстдорони китоб бо адабиёти гуногунсоҳаи тозанашри нашриётҳои давлатию хусусии ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ҳар моҳ аз 1 то 5 рӯз дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ намоиш ва савдои китобро баргузор намояд.
Бо ҳамин мақсад раёсати донишкада рӯзи 4 октябри соли ҷорӣ барои баргузории намоиш-фурӯши китоби Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» шароити мусоид фароҳам овард, то ки ҳаводорон ва дӯстдорони китоб, аз ҷумла устодон ва донишҷӯёни ДМИТ аз ин намоиш-фурӯши китоб дидан карда, китобҳои мақбулашонро харидорӣ намоянд.
Лозим ба қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ саривақтӣ буда, дар ғанӣ гардонидани маънавиёти донишҷӯён саҳми босазое хоҳад гузошт ва шоистаи дастгирист.
Ҳамчунин роҳбарияти Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд, ки дар рӯзҳои чорабиниҳои калони донишкада низ минбаъд чунин иқдомотро рӯи даст хоҳанд гирифт.
Хисрав Муҳиддинов