Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Забон рукни миллатсоз аст

Забон рукни миллатсоз аст

Санаи 4 октябри соли 2017 дар доираи нақшаи чорабиҳои шуъбаи кор бо ҷавонон ва тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар зери унвони «Ташаккули забони тоҷикӣ чун забони миллатсоз» баргузор гардид, ки он доираи васеи донишҷӯёнро фаро гирифт.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия Бунафша Қодирова оғоз гардид. Номбурда зикр сохт, ки забони тоҷикӣ, аз шумури забонҳоест, ки заминаҳои таърихии ташаккули худро тай намуда, паҳновари бузурги гӯяндагони хешро дорад. Бо ин забон фаротар аз марзи Тоҷикистон миллионҳо нафар гӯиш доранд, ки вуҷудан мафкураи онҳо тоҷикист.
Сипас мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатзода Абдулло дар мавзӯи «Забон ҳамчун рукни миллатсоз» маъруза намуда, афзуд, ки дар тамоми даврони ташаккулёбии халқи тоҷик ин забон ӯро ҳамроҳу ҳаммаром буд ва тоҷикон хештанро бо ин арзиши миллиашон муаррифкунанда буданду ҳастанд.  Имрӯз бошад, забони тоҷикӣ ба марҳилаи нави ташаккули хеш расидааст ва он метавонад дар оянда миллати моро дар миқёси байналмилалӣ муаррифӣ намуда, мавқеи бузург бахшад. 
Дар идомаи чорабинӣ маърузаҳои Шукронаи Саидмумин дар мавзӯи «Забон рукни асосии давлатдорист», Ҳилола Шукурова дар мавзӯи «Забон шиносномаи миллат», Музафар Алиев дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии ташаккули он», Латипова Навбаҳор дар мавзӯи «Сайқалёбиву сарватмандии забони тоҷикӣ» маърӯзаҳо намуданд. 
Дар интиҳо Ҷовид Боймуродов-мутахассиси шуъбаи  тарбия бо музокираву мубоҳисаҳои иштирокчиён мизи мудавварро ҷамбаст намуд.


Фаридун Сафолов