Хабарҳо

Баррасии самтҳои рушди назорати давлатии молиявӣ
Рӯзи 30 сентябри соли равон дар донишкада бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизия мизи мудаввар дар мавзӯи «Самтҳои рушди назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра н.и.и., дотсент Орзуев Парвиз оғоз ёфт. Баъдан Мавлонов В.Ҳ., сармутахассиси Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва робитаҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи матраҳшаванда сухан кард. Гуфта шуд, ки муаммои беҳтарсозии корҳои назоратӣ дар бахши молияи давлатӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ маҳсуб меёбад. Чунки афзоиши ҳамасолаи буҷети давлатӣ ва мунтазам зиёд гардидани ҳиссаи маблағҳои буҷетӣ барои пешбурди фаъолияти муассисаҳои буҷетию давлатӣ зарурати рушди чорабиниҳои назорати давлатии молиявиро ба миён меорад. Аз ин рӯ, баромадкунанда рушди назорати давлатии молиявиро барои беҳтар гардонидани санҷишҳои аудиторӣ дар бахши давлатӣ муҳим шуморида, қайд намуд, ки бо мақсади самаранок истифода бурдани воситаҳои буҷетӣ устуворгардонии механизми корҳои санҷишӣ дар бахши молияи давлатӣ муҳим мебошад.
Дар интиҳои чорабинӣ миёни иштирокчиёни мизи мудаввар атрофи мавзӯи матраҳшаванда мубоҳиса сурат гирифт.
Раҷабалӣ Саидов,
ассистенти кафедраи аудит ва ревизия