Хабарҳо

Забони модариро пос дорем
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ санаи 4 октябри соли равон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро таҳти унвони «Забони модариро пос дорем» баргузор намуд, ки дар он устодони кафедра ва донишҷӯён ширкат карданд.
Дар оғози маҳфил мудири кафедра Асадулло Муллоҷонов ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забон табрик намуда, иброз дошт, ки пос доштани забони модарӣ, эҳтиром гузоштан ба забон вазифаи ҳар як фарди худогоҳу миллатдӯст аст. Зеро дӯст доштани забон дӯст доштани модари худ маҳсуб меёбад.
Маърӯзачии дигари маҳфил муаллими калони кафедра Маҳимов М. баромад карда, забонро беҳтарин неъмати Худованд барои инсон номид. Номбурда иброз дошт, ки забони модарии мо забони тоҷикист. Инсон тавассути забон муошират, муносибат ва фикрашро баён мекунад. Аз ин рӯ, беҳтарин ганҷинаи ҳастии инсон сухан аст. Забони мо таърихи куҳан дорад, зеро Рӯдакии бузургвор 1150 сол муқаддам абёташро бо ин забони шевову гӯё эҷод кардааст. Боиси ифтихор аст, ки баъзе калимаҳои забони модарии мо, ба мисли Наврӯз, Ҳисор, чакан, атлас ва ғайра ҷаҳонӣ гардидаанд. Аз ин ҷост, ки дар баробари пешравии кишвари азизамон забонамон низ рушд мекунад.
Дар интиҳо зикр гардид, ки мақсад аз гузаронидани маҳфил дар мавзӯи забон ин ҳисси эҳтиром гузоштан ба забони модарии худ аст.
Иқбол Ҷобиров, устоди кафедра