Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Забон - ҳастии миллат

Забон - ҳастии миллат

Рӯзи 4-уми октябр бо ташаббуси факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Забон - ҳастии миллат” доир гардид.
Дар ҷараёни он декани факултет Хуршед Давлатов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Абдулло Давлатзода, мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба бахши хобгоҳҳо Ҷовид Боймуродов, устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст А. Давлатзода дар баромади худ қайд намуд, ки забон аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии миллат ва яке аз воситаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё ба шумор меравад.
- Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши бориз дорад, - афзуд номбурда.
Сипас, бахши фарҳангии факултет як номераи фарҳангӣ-тарбиявии тайёрнамудаи худро, ки аз маърӯзаю қироати шеър, суруду тарона, тақлидкорӣ ва саҳначаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин гардониданд.
Дар анҷоми чорабинӣ Давлатов Х. ҳозиринро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, забонро ҳастии миллат хонд.
Дар охир ҷиҳати ташаббускории Ҷовидон Халифаев ва дигар донишҷӯёне, ки бо роҳбарии ӯ ин чорабинӣ ва дигар чорабиниҳои илмию сиёсӣ ва фарҳангию ҷамъиятиро гузаронидааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Бо ин мақсад ба Ҷовидон Халифаев «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” супорида шуд. 
Ҳамчунин дар мувофиқа бо садорати факултет Раиси созмони ҷавонони факултет донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси менеҷменти молиявӣ Бобозода Бузургмеҳр таъйин гардид.


Зарагул Алиева,
эдвайзер оид ба тарбияи факултет