Хабарҳо

Таҷассумгари таърихи миллат
5 октябр бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик» чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултет А. Нурализода оғоз бахшида, иштирокдоронро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Мавсуф дар баромади хеш зикр кард, ки забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо ба ҳисоб рафта, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди наслҳо, аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, омада расидааст.
Забон воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлолият, Ватан ва Модар аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Ҳамаи мову шумо вазифадор ҳастем, ки дар куҷое, ки набошем, забони қадимаи миллати худро беолоиш нигоҳ дорем.
Меҳмони маҳфил сардори шуъбаи танзими ислоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Зулфониён дар мавзӯи «Таърихи забони тоҷикӣ» баромад намуда, қайд кард, ки 1400 сол пеш охирин катибаҳо ва дастхатҳо ёфт гардиданд, ки онҳоро бе истифодаи луғат хондан мумкин аст, ки ин аз манзалати худро нигоҳ доштани забони мо гувоҳӣ медиҳад.
Инчунин қайд гардид, ки бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳот номгузорӣ намудан ба таври расмӣ бояд сурат гирад, масалан номи шахс бояд тоҷикӣ ва фаҳмову зебо бошад.
Дар ҳамбастагӣ ба ин рӯз, директори Парки инноватсионӣ-технологии донишкада Фаридулло Убайдуллоев дар мавзӯи «Сайре дар таърихи ташаккули забони давлатӣ» ва устоди кафедраи забонҳои русӣ Ҷумъа Махшулов дар мавзӯи «Забони модарӣ - ҳамчун муаррифкунандаи миллат» баромад намуданд.
Н. Ҷобиров