Хабарҳо

Нишони эҳтиром ба омӯзгор ва забони давлатӣ
Бахшида ба таҷлили Рӯзи забон ва арҷгузорӣ ба омӯзгорон санаи 5 октябри соли равон дар донишкада чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он Файзуллозода Заррина, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Зулфониён Раҳим Раҷабзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Момагул Шодиева, сармуҳаррири маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ»-и Вазорати молияи ҶТ ширкат ва суханронӣ намуданд.Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада, профессор Қудрат Давлатзода кушода, аҳли толорро бо ин идҳо табрику таҳният намуд. Ӯ, аз ҷумла иброз дошт, ки забон сарвати нодир, унсури асосии маънавиёт, нишонаи ҳастии миллату давлат аст, ки дар ниҳоду сиришт чун ҷавҳари ноёб ва беҳтарин намунаи фарҳанги шикастнопазири халқи тоҷик абадан боқӣ мемонад. Ҳар як нафар баҳри ҳифзи асолати миллии забон, пойдору поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ бояд талош варзад.
Давлатзода Қудрат муаллимро афрӯзандаи чароғи илму дониш хонда, вазифаи асосии омӯзгорро дар баробари таълим адабгустарӣ ва ҳидояткунандаи роҳи рост номид. Нақши омӯзгоронро дар таълиму тарбияи насли худогоҳу хештаншинос хеле муҳим арзёбӣ карда, дар кори пурмасъулияту бошарафашон ба онҳо барору комёбӣ хост.
Сипас, меҳмонон - Файзуллозода Заррина, Момагул Шодиева, Зулфониён Раҳим аҳли нишастро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик карданд. Дар суханронии эшон қайд гардид, ки хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии миллии ватанамон забони тоҷикӣ дар сохтори сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ мақому мартабаи зиёдтареро соҳиб гашта, он омили муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллат ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ новобаста ба ҳама он бадбахтиҳои ба сараш омада, ҳамеша рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан иҷро намудааст. Баъди садсолаҳо Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомули забони тоҷикӣ заминаи мусоидро фароҳам овард, ки самараи онро мо имрӯз баръало мушоҳида мекунем, гуфта шуд дар баромадҳо.
Дар чорабинӣ, инчунин профессори кафедраи забони тоҷикии донишкада Шаҳбоз Кабиров дар мавзӯи «Забон-ҳастӣ ва бақои миллат» ва дотсенти кафедраи мазкур Саидамир Сафаров дар мавзӯи «Пешвои миллат – ҳомии забон» маърӯзаҳо карданд. Шаҳбоз Кабиров аз таърихи пайдоиш ва давраҳои гуногуни инкишофи он сухан карда, даврони соҳибистиқлолӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро расидан ба маснади заррин номид. Мавсуф ба ин мақом расидани забони миллиро натиҷаи хизматҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон номид ва иброз дошт, ки забоне, ки соҳиб дорад ва онро шахси аввал пуштибонӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ завол намеёбад ва ба он таҳдидҳои беруна таъсире намерасонад.
Саидамир Сафаров дар баромадаш аз нақши Пешвои миллат дар бузугдошти забони давлатӣ сухан гуфта, қайд кард, ки андешаҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ва бузургони гузаштаамон нисбати забони нобу ширинамон моро водор месозанд, ки ҳамеша дар талоши бегазанд нигоҳ доштани он бошем.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки забони давлатӣ ҳамчун шиносномаи миллат давлатро муаррифӣ намуда, он яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо маҳсуб меёбад. Мо – соҳибзабонон муваззафем, ки риояи қатъии талаботи ин забонро, ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифода ёфтааст, таъмин намоем. Коргузориро дар тамоми соҳаҳои ҳаётамон бо забони ширину шево ва содаву фасеҳи тоҷикӣ ба роҳ монем ва онро рушду такомул диҳем.
Дар ҷамъбаст Момагул Шодиева аз номи маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ» ба ректори донишкада Давлатзода Қ.Қ., сардори Парки технологии донишкада Убайдуллоев Ф. ва чанд нафар донишҷӯ барои ҳамкориҳои зич Сипоснома тақдим намуд.
Сипас якчанд нафар устодони фаъоли донишкада, аз ҷумла Бобоев Ҷ., Дрозденко Л., Ҳамидов А., Қодиров Ҷ., Ҳакимов С., Маъдиев С., Мираков Қ., Давлатшоева З., Соҳибов Ф., Акрамов М., Шарбатов Б., Ҳимматова З., Мирзоева Е., Манғитов М., Собирҷонов С., Солиев М., Маҳмадмуродов А., Сафаров М., Рофизода С. барои комёбиҳо, фаъолияти бенуқсон ва дастовардҳои назарраси корӣ бо Ифтихорномаи донишкада қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинӣ бо қисмати бадеии бахши фарҳанги донишкада бо пешкаш намудани номераҳои ҷолибу дидании консертӣ, аз қабили сурудҳои умумӣ, рақс, мушоира, ки аз тарафи ҳаваскорони санъат ва мудири бахши фарҳанг Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар бо маҳорати баланди эҷодӣ иҷро гардиданд, ҳусни анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева