Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Одоб нишонаи накуист

Одоб нишонаи накуист

Рӯзи 27 сентябр ва 5 октябри соли ҷорӣ шуъбаи тарбия дар якҷояги бо кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар хобгоҳи рақами №1 ва №2-и донишкада маҳфили илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Назарияи фарҳанги маънавӣ» баргузор кард. 
Дар маҳфил профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев масъалаи фарҳанги салом ва муоширати донишҷӯёнро бо устодон, ташаккули забони давлатиро мавриди баҳс қарор дод. 
Ғуломҷон Мирзоев зикр кард, ки робитаҳои иҷтимоии инсонҳо бо салом оғоз меёбад. Салом рамзи дӯстӣ, ишқу муҳаббат, сулҳу салоҳ, амну амонӣ, хайру баракат, оромишу осоиш ва ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, хушбахтӣ ва саодатмандии инсон аст. Ҳар касе бо дигаре салом мекунад, бояд бо садои баланд бигӯяд ва ҳар кас ҷавоби саломро медиҳад, низ бояд ба садои баланд диҳад. Одоби салом ин аст, ки ҳангоми дидор бо якдигар бояд аввал ба салом оғоз шавад, пеш аз он ки сухане гуфта шавад ё дархосте карда шавад. 
Профессор дар ҷараёни маҳфил қайд кард, ки забон ҳувияти миллӣ ва ифодакунандаи тамоми дастовардҳои фарҳангӣ ва маънавӣ ба шумор меравад ва мо бояд тамоми қонун ва дастурҳои забонро омӯхта, дар гуфтору навишт онро дуруст ифода намоем ва беғалат нависем.
Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокчиён мубоҳиса сурат гирифт.


Бойназаров Ҳ.,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ