Хабарҳо

Қонуни танзим танзимгари зиндагист
Санаи 6 октябри соли ҷорӣ садорати факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва бахши ҷавонони донишкада бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии қонуни зикршуда маҳфили тарбиявӣ баргузор намуд.
Дар ибтидо устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фаридун Сафарзода оид ба аҳамияти қонуни зикршуда, нуктаҳои асосӣ ва нақши он дар баланд бардоштани некуаҳволии мардуми Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки қонуни мазкур яке аз омили муҳимми ғанигардонии буҷети ҳар як оила маҳсуб меёбад. Ҳамчунин номбурда қайд кард, ки азбаски ҷавонон диди нав ва ҷахонбинии пешрафта доранд, дар амалишавии ин қонун нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бояд фаъолтар бошанд.
Сипас сардори бахши ҷавонони донишкада Абдулло Давлатзода баромад намуда, оид ба қонуншиканиҳо дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мисолҳо оварда, зарурати қабули ин қонунро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар охир иштирокчиёни маҳфил ба маърӯзачиён саволҳо дода, ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.
Хисрав Муҳиддинов