Хабарҳо

Ҷавонон ва арзишҳои фарҳангӣ
Санаи 4 октябри соли ҷорӣ дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо сарпарастии шуъбаи кор бо ҷавонон ва тарбияи донишкада аз ҷониби донишҷӯёни хобгоҳи №2 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ зери унвони «Ҷавонон ва арзишҳои фарҳангӣ» баргузор карда шуд.
Зимни оғози чорабинӣ муовини ректори донишкада оид ба тарбия Бунафша Қодирова дар бобати заминаҳои ташаккули забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои таърихӣ ва вазъи кунунии он ибрози андеша кард.
Сипас гурӯҳи донишҷӯёни ҳаваскори хобгоҳ намоиши фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру суруд ва рақсу ҳаҷвияҳо буд, пешкаши ҳозирин карданд. Дар ҳаҷвияҳо аслан бо лаҳҷа ва забони ғайр суҳбат кардани донишҷӯён дар вақти дарс ва ҷойҳои ҷамъиятӣ намоиш дода шуд.
Ҳадаф аз доир намудани чорабинии мазкур ҷалби донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани ҳисси милливу хештаншиносии онҳо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ, аз ҷумла ба забони миллӣ дониста мешавад.
Минбаъд низ чунин чорабиниҳо аз ҷониби донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишкада ба сар мебаранд, роҳандозӣ мегарданд.
Фаридун Саидов