Хабарҳо

Намояндагии МТИ-и ДМИТ дар Кӯлоб
Рӯзи 6 октябри соли равон дар бинои сарраёсати молияи минтақавии шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси Стратегияи рушди Маркази такмили ихтисоси ДМИТ барои солҳои 2017-2018 бо кумаки Лоиҳаи «Дастгирии идораи молияи давлатӣ» намояндагӣ ифтитоҳ шуд.
Дар расми кушодашавии он ректори ДМИТ профессор Давлатзода Қ.Қ., сардори сарраёсати молияи минтақавии шаҳри Кӯлоб Назарзода Б., намояндаи Лоиҳаи «Дастгирии идораи молияи давлатӣ» Бобоев Р.М., директори МТИ ДМИТ Ҷӯраев Х.Ғ. ва дигарон иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ Давлатзода Қ.Қ. баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки ифтитоҳи намояндагии маркази такмили ихтисос дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар имконият медиҳад, ки мо дастаҷамъона дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва стратегияву барномаҳои соҳавии ислоҳот ва такмили идораи молияи давлатӣ чораҳои муассирро амалӣ созем. Дар баробари ин ифтитоҳи ин марказ имконият медиҳад, ки кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз курсҳои фосилавии такмили ихтисос гузашта, донишу малакаи худро такмил диҳанд ва дар рушду инкишофи соҳа, аз ҷумла дар баланд бардоштани самаранокии банақшагирӣ ва истифодаи маблағҳои буҷетӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ифтитоҳи намояндагиҳои маркази такмили ихтисоси ДМИТ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун қадамҳои нахустин дар татбиқи дастури Пешвои миллат оид ба тақвияти фаъолияти марказҳо, курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос, ки дар Рӯзи дониш ироа намуда буданд, ба ҳисоб меравад, гуфт Давлатзода Қ.
Ҳадафи ифтитоҳи намояндагии МТИ-и ДМИТ дар минтақаҳои кишвар ин омӯзонидани низоми иттилоотии банақшагирӣ ва иҷроиши буҷетӣ давлатӣ, яъне барномаи SGB.net ва сарфаи вақт ва маблағи калони буҷетӣ мебошад, зеро машғулиятҳо бе хориҷ шудан аз истеҳсолот ва дар маҳалли кору зиндагии шунаванда ба тариқи замонавӣ (онлайн) гузаронида мешаванд.
Синфхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои 10 компютер, тахтаи электронӣ, мизу курсиҳои замонавӣ, монитори барои гузаронидани машғулиятҳои фосилавӣ мебошад. Ба машғулиятҳо кормандони мақомоти молияи шаҳру навоҳии Кӯлоб беш аз 20 нафар дар як вақт ҷалб карда шуда, ба онҳо мутахассисон аз Вазорати молияи ҶТ, омӯзгорони ДМИТ, тренерони байналмилалии касбӣ курсҳои такмил ва семинарҳои соҳавиро мегузаронанд.
Дар оянда кушодани намояндагиҳо дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Бобоҷон Ғафуров ва Нуробод дар назар аст.
Абдуллоева М.