Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон ва соҳибкории инноватсионӣ

Ҷавонон ва соҳибкории инноватсионӣ

Дар доираи ҳафтаи соҳибкорон рӯзи 10 октябри соли равон бо ибтикори шуъбаи магистратура дар якҷоягӣ бо кафедраи менеҷмент ва шуъбаи ҷавонони донишкада конфренсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва соҳибкории инноватсионӣ» баргузор шуд.
Дар кори конфронс Амирҷон Иброҳимов, муовини сардори раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азиз Темуров, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Қутбиддин Муқимов ҳамоишро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҷавонон пешбарандаи ҷомеа буда, дар рушди иқтисодиёти миллӣ низ саҳмгузоранд. Аз ин рӯ, интихоби мавзӯи матраҳ рӯзмарра аст ва барои соҳибкорони ҷавон барои пешбурди фаъолияти минбаъда дастур тавсияҳои судманде пешниҳод гардид.
Сипас Шавкат Бозоров, д.и.и., профессори кафедраи менеҷмент дар мавзӯи «Самтҳои стратегии соҳибкории инноватсионӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Ӯ моҳияти соҳибкории инноватсиониро кушода, аз ҷумла қайд кард, ки соҳибкории инноватсионӣ ин раванди махсуси навовариҳои ташкили ягон чизи нав, раванди хоҷагидорӣ ба шумор меравад, ки асоси онро ҷустуҷӯи доимӣ ва тамоюл ба инноватсия ташкил менамояд. Чуноне ки маълум аст, навоварӣ яке аз вазифаҳои соҳибкор мебошад ва албатта он бояд дар фаъолияти соҳибкорӣ доимо вуҷуд дошта бошад. 
Вазифаи соҳибкори навовар бо роҳи кашфиёт ва эҷодкориҳои тоза таҷдиди истеҳсолот аст ва васеъ истифода намудани имкониятҳои технологӣ барои истеҳсоли моли нав ё истеҳсоли молҳои пешина бо усули нав мебошад. 
Дар хотима, профессор Бозоров Ш.Ш. механизмҳои амалисозии идеяҳои инноватсиониро дар боварӣ, эътиқод, рағбат, ҳавасмандӣ, рақобатпазирӣ, ҳамкорӣ, мусобиқа ва натиҷа маънидод кард.
Сипас Азиз Темуров дар мавзӯи «Арзиши ахлоқии соҳибкорӣ» ва магистрантон Умедҷон Иноятов дар мавзӯи «Ҷавонон – неруи соҳибкории инноватсионӣ» ва Сангаҳмад Давлатзод дар мавзӯи «Инноватсия дар фаъолияти соҳибкорӣ» маърӯзаҳо карданд.
Дар охир байни баромадкунандагон ва ҳозирин муколамаи судманд доир гардид.


Машҳура Абдуллоева