Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Умрро самаранок истифода мебояд

Умрро самаранок истифода мебояд

Садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт санаи 6 октябри соли равон дар хобгоҳи №2 бо донишҷӯёни факултет, ки дар хобгоҳ иқомат доранд, чорабинии тарбиявӣ доир намуд. 
Дар чорабинӣ зарурати қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар ин вохӯрӣ табибони Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ Эгамбердиева Анварбӣ, Разоқзода Ҳамроҳ даъват шуда буданд, то ки ба донишҷӯён оид ба пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хариду фурӯши маводи мухаддир, ифротгароӣ, майзадагӣ ва бемории ВНМБ ВИЧ/СПИД корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.   
Табиби Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ Разоқзода Ҳамроҳ дар баромади худ зикр сохт, ки истифодаи маводҳои нашъаовар, спиртӣ, муносибати маҳрамонаи ҳифзнашуда ва риоя накардани қоидаҳои санитариву гигиенӣ метавонад шахсро ба бемориҳои табобатнашаванда гирифтор созад.
Мавсуф ба ҳозирин муроҷиат карда, онҳоро ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ даъват намуд.
Дар фарҷом қайд гардид, ки ҳаёти донишҷӯӣ беҳтарин давраи ҳаёти шахс маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як нафарро зарур аст, ки вақти худро баҳри азбарсозии илмҳои замонавӣ ва омӯзиши техникаю техноглогияҳои муосир равона созад, то ки дар оянда ҳамчун мутахассиси соҳибихтисос дар ҷомеа мақоми худро касб намояд.


Мубораки Назримад 
эдвайзер оид ба тарбия