Хабарҳо

Роҳҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон
Санаи 17-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Брюссели меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар мавзӯи “Роҳҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон” семинари байналмиллалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Семинар доираи васеи иштирокчиёнро аз бахшҳо ва мақомотҳои гуногуни ватанию хориҷӣ фаро гирифта, дар ҷаласаи пленарии он муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Нигина Анварӣ, муовини вазири маориф ва илми ҶТ Фатҳиддин Усмонзода, мушовир-фиристодаи Сафорати ФР дар ҶТ Дергачев В.В., намояндани Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Ҳарфст, роҳбари Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисоди ФР Михаил Эрман, директори КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон” Д.Ҷӯраев ва дигарон баромад намуданд.
Баъд аз итмоми ҷаласаи пленарӣ семинар кори худро дар бахшҳо то бегоҳ идома дода, дар ҷаласаи хотимавӣ натиҷаю хулосаҳо ва тавсияҳои ба даст омада ҷамъбандӣ гардида, аз рӯи онҳо изҳороти муштарак қабул карда шуд.
Бо даъвати кумитаи тадорукот дар кори семинар аз донишкада директори Парки инноватсионию технологӣ Ф.Убайдуллоев иштирок намуда, дар ҷаласаи бахшҳо доир ба мушкилоти рушди технопаркҳо ва чораҳои рафъи онҳо баромад кард. Номбурда аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили “Рӯзи дониш” фаъолияти тамоми технопаркҳои мавҷуда дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида буд. Иллати ин падидаи манфӣ ба андешаи Ф.Убайдуллоев аввалан дар нодуруст фаҳмидани рисолати технопаркҳо сар мезанад. Зеро вазифаи аввалиндараҷаи технопаркҳо доштани ҳудуди муайян, заминаи модиию техникӣ, иншоот ва ҳайати хизматрасон буда, бояд ширкатҳои навқадам (стартап)-ро, ки нияти ба истеҳсоли маҳсулоти технологияи олидошта машғул шуданро доранд, ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои фаъолияти онҳо бо нархи хеле ночиз шароити мусоидро фароҳам оранд. Чуноне ки таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ин ҷо омили асосии ҷалби ширкатҳои стартап ба ҳудуди технопаркҳо озод будани ин ҳудудҳо аз андоз мебошад. Мутаассифона дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои техникӣ” барои андозбандии технопаркҳо сабукӣ пешбинӣ нагардидааст.
Бинобар ин, омили ба таври бояду шояд рушд наёфтани технопаркҳо аввалан дар хеле камшумор будани теъдоди стартапҳои технологияи олидошта бошад, сониян ба набудани сабукиҳо ва имтиёзоти андозӣ рабт мегирад. Тавсияҳо оид ба зарурати ворид кардани тағйирот бо ҳамин мазмун ба маҷмӯи хулосаҳои кори семинар илова карда шуданд.
Дар кори семинар мавзӯоте аз қабили “Мушкилот ва имкониятҳои рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон” (маърӯзакунанда Д.Ҷӯраев, директори КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон”), “Роҳҳои дастгирии соҳибкории ҷавонон дар Россия ва ҷаҳон” (маърӯзакунанда М. Эрман, роҳбари Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисоди ФР), “Шаклҳои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ” (маърӯзакунанда Артем Критсин, коршиноси масоили рушди соҳибкории ҷавонон аз ФР), “Шаклҳои дастгирии соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо” (мавзӯи муҳокима дар бахшҳо), “Дастгирии лоиҳаҳои технологӣ аз рӯи намунаи Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисодӣ” (маърӯзакунанда М. Эрман, роҳбари Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисоди ФР) маърӯза гардида, мавриди муҳокимаю баррасии ҳамагон қарор гирифтанд.
Дар хотима, ширкаткунандагони семинар қарор доданд, ки иртиботи мутақобила ва муҳокимаю хулосабарориҳоро оид ба роҳҳо ва самтҳои рафъи мушкилоти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон бо ҳамин қатъ накарда, дар доираи бахшҳо ба таври онлайн-гурӯҳҳо минбаъд низ идома хоҳанд дод.
Ф.Убайдуллоев, директори
Парки инноватсионию технологии ДМИТ,
ш. Душанбе, 17 октябри 2017с.