Хабарҳо

Меҳргон ҷашни меҳр аст
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон буда, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон аст.
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ рӯзи 18 октябри соли ҷорӣ мизи мудаввари донишкадавиро бахшида ба ҷашни Меҳргон таҳти унвони «Меҳргон-ёдгоре аз фарҳанги ниёгон» бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯён доир намуд.
Мизи мудавварро ноиби ректор оид ба илм Фирӯз Қодиров оғоз намуда, иброз дошт, ки иди Меҳргон дар оғози хазонрезӣ, вақти ҷамъбасти ҳосилғундорӣ, барои шукронаи соли деҳқонӣ таҷлил мегардад.
Сипас мудири кафедра Асадулло Муллоҷонов дар мавзӯи «Нигоҳе ба таърихи ҷашни Меҳргон» маърӯза кард. Номбурда афзуд, ки ҷашни Меҳргон аз қабили мероси аҷдодӣ буда, аҳамияти вижаеро барои имрӯзи Тоҷикистон доро мебошад. Бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин ҷашн аз нав эҳё гардид. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳанӯз 3 ноябри соли 1995 иди Меҳргон дар қатори дигар ҷашнҳо ҳамчун ҷашни миллии кишварамон шинохта шуд.
Калимаи Меҳргон маънои «меҳрҳо», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Инчунин Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат ва ваҳдату якдилиро ифода месозад. Номи ин ҷашн дар сарчашмаҳои бостонӣ низ ба гунаи Митрагон ё Митракон зикр шудааст. Муҳаммадҳусейни Бурҳонӣ дар луғатномааш «Бурҳони қотеъ» Меҳргонро ҳамчун ҷашни меҳру муҳаббат муаррифӣ кардааст.
Асадулло Мулоҷононов қайд намуд, ки дар даврони Сосониён Меҳргон ба монанди Наврӯз шаш рӯз баргузор мегашт. Рӯзи нахустро Меҳргони кӯчак меномиданд, ки ҷашни оммавӣ ба ҳисоб мерафт ва рӯзи шашумро «Меҳргони бузург» мехонданд ва он ҷашни хос буд. Бархе аз муаррихон ҷашни Меҳргонро ба рӯзи саркӯб гардидани Заҳҳок тавассути Коваи оҳангар ва ба тахти подшоҳӣ нишастани Фаридуни Пешдодӣ мувофиқ донистаанд.
Дар фарҷом зикр карда шуд, ки Меҳргон иди миллии таърихии мо буда, ба урфу одат, гузаштаи дуру наздик ва имрӯзи зиндагии халқамон алоқаи ногусастанӣ дорад ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил кардани он баҳри дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдату якдилии миллӣ, дӯстиву рафоқат ва инсондӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва кулли мардум аҳамияти хосаеро дорост.
Хисрав Муҳиддинов