Хабарҳо

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни бо квота таҳсилкунанда
17.10.2017. Имрӯз шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон бо донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда вохӯрӣ гузарониданд.
Мулоқотро муовини ректор оид ба тарбия Бунафша Қодирова оғоз намуда, бобати баланд бардоштани сатҳ ва сифати донишазхудкунии донишҷӯён, истифодабарии самараноки имкониятҳои мавҷудаи донишкада ҷиҳати фарогирии ҷавонон ба илму дониш ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ибрози андеша кард.
Номбурда дар баромадаш зикр сохт, ки шароитҳои мавҷуда имкон медиҳанд, ки донишҷӯёни мо баҳри ташаккули маърифати зеҳнии хеш масъулияти бештар ҳис намуда, ҳамчун мутахассисони дорои малакаву маҳорати олии кордонӣ дар бозори меҳнат омода ва ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Ҳамчунин Давлатзода Абдулло вобаста ба нақши ҷавонон дар бозори меҳнат ва истифодабарии потенсиали зеҳнии онҳо баҳри рушди кишвар суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони дорои малакаи олии кордониву ташкилотчигӣ ва ихтисосҳои хусусияти технологидошта ниёзи бештар пайдо кардааст. Ин ҳолат аз ҷавонони мо низ талаб менамояд, ки ба ҷараён ворид гарданд.
Дар интиҳо, мутахассиси шуъбаи тарбия Фаридун Саидов бо донишҷӯён ҷиҳати мураттабгардонии рисолаҳои хатм суҳбат карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар раванди таҳсил фаъол бошанд.
Ҷовид Боймуродов