Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муаммоҳои содироти кишвар

Баррасии муаммоҳои содироти кишвар

Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи молия ва муомилоти пулӣ рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ маҳфили илмиро бо иштироки Расулов Г. Р., н.и.и., сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қосимов Т., сармутахассиси шуъбаи қарздиҳии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», устодони кафедра ва донишҷӯён дар мавзӯи мавриди назар баргузор намуд.
Дар оғози чорабинӣ дотсенти кафедра Гулмаҳмад Оймаҳмадов дар мавзӯи «Муаммоҳои содироти софи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба сармоягузориҳо» маърӯза намуда, зикр сохт, ки мутобиқи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳаҷми содирот дар соли 2017 – 942,8 млн. ва дар соли 2020 1142,9 млн. долл. амрикоӣ пешбинӣ гардидаанд. Татбиқи ин нақшаҳо моро ба иҷрои вазифаи муҳим – саноатигардонии мамлакат, дар асоси инноватсия ташкил намудани фаъолияти корхонаҳои кӯҳнаю нав, ташкили ҷойҳои кории сермаҳсул дар минтақаҳои мухталифи мамлакат, зиёд намудани содирот ва сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвар роҳнамун месозанд.
Мавсуф афзуд, ки дар таърихи савдои кишвар давраҳое буданд, ки дар онҳо бақияи савдои мусбат ба назар мерасид. Инҳо солҳои 1991, 1992, 1996, 1999 ва 2000-ум мебошанд. Албатта, ин нишондиҳандаҳо бинобар кам будани ҳаҷми ММД сатҳи баланди тараққиётро инъикос наменамоянд. Аз ин нигоҳ, дастгирии соҳаҳои анъанавӣ ва навъи ба содирот равонашаванда, кам кардани самти ашёии содирот, тағйир додани сохтори он, рушди соҳаҳои содиротивазкунанда зарур аст. Дар оянда мо кишварамонро ба содиркунандаи асосии барқ табдил доданӣ ҳастем, бинобар ин имрӯз мо бояд дар асоси инноватсия истеҳсол кардани қисмҳои эҳтиётии агрегатҳо ва худи агрегатҳоро ба роҳ монем. Агар ин амалро анҷом надиҳем, арзиши аслии истеҳсоли барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нархҳои ҷаҳонӣ ҳам боло меравад, ки рақобатпазирии истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулотро аз байн мебарад. 
Semmol4001.jpgСипас Расулов Г. дар мавзӯи «Қарзҳои мушкилситон ва муаммоҳои онҳо дар шароити муосир» баромад карда, қайд намуд, ки соҳибкорони моро зарур аст нақшаҳои тиҷоратии худро дошта бошанд ва талаботи бозорро ба назар гирифта, роҳи содиротро пеш баранд. Тавре ки мо таҳлил намудем, соли 2014 содирот 977,3 млн доллар ва воридот 4 млрд. 297,4 млн буд, ки дар ин ҷо воридот нисбат ба содирот 3 баробар зиёд аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар зарфи 5 соли охир тавозуни содирот 26,5% - 20,6% ва тавозуни воридот 73,5% - 79,4%-ро ташкил медиҳад. Метавон гуфт, ки бо зиёд шудани ҳаҷми воридот ва кам гардидани содирот амнияти озуқавории мо, инноватсия ва маблағгузориҳо дар мо хатарнок мегарданд. Соҳибкоронро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои бонкӣ ва сохторҳои андозӣ мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл намоянд ва содиротро рушд диҳанд. Дар ин сурат сармоягузорӣ дар мо зиёд мегардад, гуфт дар ҷамъбаст Расулов Г.   
Дар охир дар бораи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар 15 соли оянда, нигоҳ доштани суботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодию иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳамсозии замина барои таҳкими иқтидори содиротии мамлакат пешбинӣ гардидааст, сухан рафт. Гуфта шуд, ки дар сурати андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии ҳуҷҷати мазкур ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ тадриҷан зиёд гардида, замина барои ба гурӯҳи давлатҳои миёна ворид гардидани Тоҷикистон фароҳам меояд.
Чорабинӣ бо мубодилаи афкор байни иштирокчиён анҷом пазируфт.


Хисрав Муҳиддинов