Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қонуни танзим баҳри рушди зиндагӣ

Қонуни танзим баҳри рушди зиндагӣ

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо кафедраи назарияи иқтисодӣ рӯзи 18 октябри соли ҷорӣ семинари илмӣ-тарбиявиро дар мавзӯҳои «Нақши танзим дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» доир намуд.
Дар оғоз декани факултет Нурализода Амрулло қайд кард, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишвар бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, манъи баъзе маросимҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Сипас муовини ректор оид ба тарбия Бунафша Қодирова баромад намуда, иброз дошт, ки қабули саривақтии қонуни мазкур дар кишварамон мувофиқи мақсад аст. Мақсади қабули он аз ҷониби ҳукумати кишвар ва халқи мамлакат кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани хароҷоти зиёдатӣ дар тӯю маъракаҳои мардумӣ мебошад. 
Дар охир аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар риояи қонуни мазкур ҷиддӣ буда, дар ин ҷода масъулияти баланд ҳис намоянд.


Мубораки Назирмад